ДИИШ Туркияро таҳдид кард
Гурӯҳи террористии ДИИШ Туркияро таҳдид ва ин кишварро сарзамини ҷиҳод эълом кард.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “ал-Маёдин”, Абуҳасан ат-Туркӣ, узви турки гурӯҳи террористӣ-такфирии ДИИШ дар як навори видеоӣ бо таҳдиди Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури ин кишварро тоғут тавсиф карда гуфтааст, ӯ бояд барои иқдомоти зиддимусалмонияш муҷозот шавад. Дар навори видеоии мунташиршуда ҳамчунин ба вайронӣ ва таркиш дар шаҳрҳои мухталифи Туркия аз сӯйи гурӯҳи террористии ДИИШ таъкид шудааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳам рӯзи ҷумъа дар суханронии худ дар шаҳри Измири Туркия ба интиқоми сахт аз гурӯҳи террористии ДИИШ таъкид кард. Ин изҳороти Эрдуғон пас аз он матраҳ шуд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи панҷшанбе бо интишори як навор саҳнаҳои сӯзондани ду низомии туркро, ки дар даргириҳои шаҳри ал-Боб дар наздикии Ҳалаб ба асорат гирифта буд, мунташир кард. Нерӯҳои амниятии Туркия низ рӯзи ҷумъа аз боздошти 31 узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Истанбули Туркия хабар доданд.