Раисӣ: Душман мехост бо ҷанги таркибӣ раванди пешрафти Эронро мутаваққиф кунад
Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба иғтишошоти ахир дар Эрон гуфт, душман мехост бо ҷанги таркибӣ раванди пешрафти кишварро мутаваққиф кунад, вале мардум тасмим гирифтанд иҷоза надиҳанд пешрафт мутаваққиф шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурӣ, Саидиброҳими Раисӣ шомгоҳи сешанбе ҳамзамон бо дувумин солрӯзи интихоботи сездаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ дар гуфтугуи телевизиюнӣ бо ишора ба баёноти Раҳбари муаззами инқилоб, ки таъкид доштанд, асоси иғтишошот ба ин далел аст, ки душман эҳсос карда, ки кишвар дар ҳоли пешрафт аст ва ноумедии мардум ба умед табдил шуда, афзуд, душманон фикр мекарданд, метавонанд бо иғтишошот ба кишвар осеб бизананд, ғофил аз инки Эрони исломӣ дигар ниҳоле навпо нест, балки дарахти тануманде аст, ки бо ин таконаҳо ҳеҷ осибе намебинад.
Раисӣ дар идома дар посух ба суоле дигаре дар бораи сиёсати ҳамсоягии давлату тармими равобит бо бархе кишварҳои минтақа, гуфт, иртиботу таъомул бо кишварҳои ҳамсоя, исломӣ ва ҳамсӯ ҷузви авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ мо буда ва аз ибтидои оғоз ба кори давлат ҳам эълом кардаем, дасти тамоми кишварҳоеро, ки бо мо ҳамсӯ ва дӯст ҳастанд ба гармӣ мефишорем.
Вай дар идома гуфт, дар бора барқарории равобит бо Арабистон низ дар сафар ба Чин, Си Ҷинпин, раисиҷумҳури ин кишвар аз тамоюли Арабистон барои барқарории иртибот бо Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод ва мо низ эълом кардем, ки аз ин мавзӯ истиқбол мекунем.
Раисӣ бо баёни инки ба рағми ихтилофоти фаровон ҳеҷ замон Арабистонро душмани худ тасаввур накардем, ба таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб дар буҳбуҳаи ихтилофот бо Арабистон мабнӣ бар гум накардани душманони аслии ҷаҳони Ислом, яъне Амрико ва режими саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт, бархе кишварҳои минтақа дар гузаштаи таҳти илқооти Амрико ва дунболаравиҳои он, иқдомоте алайҳи Эрон анҷом доданд, ки раҳ ба ҷое набурда ва пушаймон шуданд ва набояд онҳоро душман пиндошт.
Вай ҳамчунин ба мавзӯи барқарории равобити муҷаддад бо Миср низ ишора кард ва изҳор дошт, дар бораи Миср низ мавзӯи барқарории равобит бо ин кишвар дар сафари султони Уммон ва дидори ӯ бо раҳбари муаззами инқилоб матраҳ шуд, ки эшон фармуданд, дар ин замина ҳеҷ мушкиле надорем ва мо ҳам ба унвони давлати ин масаъларо дунбол хоҳем кард.