Сабти гармтарин шаҳри кураи Замин дар Эрон
Июн 23, 2023 18:07 Asia/Dushanbe
Бар асоси додаҳои хадамоти обу ҳавоии «OGIMET” дар шабонарӯзи гузашта Зобул - дар шимоли Систону Балучистон, бо ҳарорати 50. 8 дараҷа болотарин ҳарорати Замин дар байни беш аз ҳашт ҳазору 800 истгоҳи ҳавошиносии синоптики аслиро сабт кард.
Барои нахустин бор дар 60 соли ахир аст, ки пешинаи ҳарорати ҳаво дар шимоли Систону Балучистон, дар ҷануби шарқи Эрон дар баҳор ба маҳдудаи 50 дараҷа мерасад. Гармои шабонарӯзи гузаштаи Зобул ҳатто аз тамоми тобистонҳои 50 соли ахир низ гармтар будааст.
Болотарин ҳарорате, ки аз замони таъсиси истгоҳи ҳавошиносӣ дар ин шаҳр сабт шудааст, 51 дараҷа буда, ки тобистони соли 1349, яъне беш аз 50 сол қабл ба сабт расидааст.
Барчасп