Июл 07, 2023 17:20 Asia/Dushanbe
  • Ғадир - бемористоне барои дармони беморон аз саросари Эрони исломӣ аст
    Ғадир - бемористоне барои дармони беморон аз саросари Эрони исломӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ойини ифтитоҳи бемористони “Ғадир” таъкид кард, Эрон дар авлавияти гардишгарии саломати минтақа аст.

Калонбемористони модерн ва муҷаҳҳази “Ғадир” дар шаҳри Теҳрон бо зербинои 62 ҳазор метри мураббаъ, дар панҷ блок ва 13 табақа, бо зарфияти 821 тахт дар тарозу стандартҳои ҷаҳонӣ бо риояти стандартҳои дармонӣ, ба унвони яке аз калонбемористонҳои матраҳ дар Ғарби Осиё, пружае муҳим дар тасҳили ҳар чӣ бештари фароянди дармон барои беморон аз саросари Эрони исломӣ аст.

Ин бемористон муҷаҳҳаз ба пешрафтатарин фурудгоҳи чархболи ёрии таъҷилӣ бо қобилияти иртибот бо созмони ҳавопаймоии кишварӣ ва уржонси кишвар аст, ки аз тариқи он масдумон дар камтарин замон бо чархбол ба ин бемористон мунтақил мешаванд.

 

Барчасп