Эрон ва Кения панҷ санади ҳамкори имзо карданд
Эрон ва Кения дар ростои рушди равобит дар заминаҳои мухталиф панҷ санади ҳамкори дар заминаҳои иртиботот, шилот, кишоварзӣ, беҳдошт, омузиши фанни ва ҳерфаӣ имзо карданд.
Ба гузориши ИРНА санадҳои ҳамкории Эрон ва Кения дар сафари Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ ба Найроби дар ҳузури раисони ҷумҳрии ду кишвар ба имзои ҳайатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон ва Кения расид.
Тафоҳумномаҳои ҳамкории Эрон ва Кения дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла ҳамкориҳои маъданӣ ва саноати, омузиши фаннӣ ва ҳерфаӣ ва кишоварзӣ ба имзои вазирони хориҷаи ду кишвар расид.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ки ба даъвати Вилям Самой Руто раиси Ҷумҳурии Кения ба Найроби сафар карда аст субҳи чаҳоршанбе ба вақти маҳалӣ вориди пойтахти ин кишвар шуд ва билофосила ойини истиқболи расми аз у ва ҳайати ҳамроҳ дар кохи раёсати ҷумҳурии Кения баргузор шуд.
Пас аз маросими истиқболи расми гуфтугуҳои хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Кения оғоз шуд ва сипас музокироти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Кения баргузор шуд.
Бештар бихонед: