Раисӣ: Нигоҳи Эрон ба қораи Африқо ҳамафзои аст
(last modified Wed, 12 Jul 2023 06:21:41 GMT )
Июл 12, 2023 11:21 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Нигоҳи Эрон ба қораи Африқо ҳамафзои аст
    Раисӣ: Нигоҳи Эрон ба қораи Африқо ҳамафзои аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар афзоиши саҳми Эрон аз иқтисоди Африқо гуфт: Бархе ба Африқо нигоҳи истеъмори доранд, аммо нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин қора инсони ва ҳамафзои аст.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбе ва пеш аз азимат ба се кишвари африқоӣ Кения, Уганда ва Зимбабве дар бораи аҳдофи ин сафар таъкид кард: Равобити Эрон бо кишварҳои африқоӣ баъд аз пирузии инқилоби исломӣ равобити хуби дар бахшҳои мухталиф буда аст аммо дар гузари замон баръе равобит дучори тавақуфҳоӣ шуд ба вижа дар даҳҳаи ахир ки бо таваҷҷуҳ ба сервати азим ва манобеъи табиъӣ ва маъдание, ки имруз дар Африқо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои бисёр дар кишварҳои африқоӣ метавонад табодули зарфият байни Эрон ва Африқо сурат бигирад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки кишварҳои африқоӣ барои иртибот бо Эрон ибрози алоқаманди карданд афзуд: Аз ҷумла бархе кишварҳое, ки имруз метавонад барои иртибот бо он дар сиёсати хориҷӣ иқдомоти хуби сурат гирад кишварҳои африқоӣ аст.

Раисӣ афзуд: Дар бахши кашфи сарзамини ва кори кишоварзӣ ва маводи протоени дар Африқо заминаҳои хуби барои ҳамкори вуҷуд дорад дар заминаи илм ва фановари низ дар кишварҳои африқоӣ кори бисёр хуби метавонад сурат гирад ва дафтарҳои илму фановарии Эрон метавнанд дар ин кишварҳо фаъол шаванд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Имруз иртибот бо кишварҳои африқоӣ аз ҷумла бахшҳое аст, ки дар авлавияти сиёсати хориҷи қарор дорад сиёсати ҳамсоягӣ ва иртибот бо кишварҳои мусалмон ва ҳамсу аз мавзуъоти мавриди таваҷҷуҳи давлати Эрон аст.

Ин нахустин сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба қораи Африқо пас аз 11 сол аст, ки дар ростои сиёсати хориҷии ҷомеъ, мутавозен ва мубани бар ҳамгароӣ дар ҳоли ҳозир чандҷонибагароӣ иқтисодии давлати сездаҳум бо ҳадафи афзоиши ҳузури Эрон дар иқтисод ҳудуди 600 миллиард доллари қораи Африқо сурат мегирад.

Бештар бихонед: