Қаҳрамонии Эрон дар кушти фарҳангии ҷавонони Осиё бо 10 нишони рангоранг
(last modified Mon, 17 Jul 2023 09:45:12 GMT )
Июл 17, 2023 14:45 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар кушти фарҳангии ҷавонони Осиё бо 10 нишони рангоранг
    Қаҳрамонии Эрон дар кушти фарҳангии ҷавонони Осиё бо 10 нишони рангоранг

Тими миллии Эрон дар рақобатҳои кушти фарҳангии ҷавонон қаҳрамони Осиё дар Урдан, бо касби 5 медали талло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ зимни касби унвони қаҳрамонӣ, дар тамоми вазнҳо низ соҳиби медал шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар кушти фарҳангии ҷавонони Осиё, ки 15 ва 16 июл баргузор шуд, барои тими Эрон «Муҳаммад Аширӣ»  дар вазни 60 килаграм,«Аҳуро Бовейрӣ»  дар вазни 67 килаграм,«Абулфазл Чӯпонӣ» дар вазни 87 килаграм,«Амирризо Акбарӣ»  дар вазни 97 килаграм ва «Фардин Ҳидоятӣ»  дар вазни 130 килаграм медали талло гирифтанд.

«Сайид Муҳаммадмаҳдии Мирӣ» дар вазни 72 килаграм медали нуқра, «Алиаҳмади Вафо»  дар вазни 55  килаграм,« Ризо Қейтосӣ»  дар вазни 63 килаграм, «Алиризо Абдувалӣ» дар вазни 77 килаграм ва «Ёсин Яздӣ»  дар вазни 82 килаграм медали биринҷӣ касб карданд.

Дар радабандии тимӣ, Эрон бо 205 имтиёз ва бо иқтидори комил ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. 

Тимҳои Узбекистон бо 180 имтиёз ва Қазоқистон бо 170 имтиёз дар ҷойгоҳи дуввум ва саввум қарор гирифтанд.

Бештар бихонед: