Июл 25, 2023 15:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон шарики қобили эътимоде барои Бразилия
    Эрон шарики қобили эътимоде барои Бразилия

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, густариши равобит бо кишварҳои мустақил, аз ҷумла Бразилия ҷойгоҳи муҳиме дар сиёсати хориҷии Эрон дорад.

Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи сешанбе дар дидор бо Селсу Аморим, дастёри вижаи раиси ҷумҳурии Бразилия дар ҳошияи нишасти кишварҳои дӯстдори БРИКС дар Преторияи Африқои Ҷанубӣ бо ишора ба собиқаи тӯлонии муносиботи миёни Эрону Бразилия, аз он ба унвони сармояе арзишманд барои пешбурду тавсеаи муносибот дар заминаҳои мухталиф ёд кард.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон иртиқои равобит дар ҳамаи ҳавзаҳо, ба вижа тавсеаи муносиботи иқтисодӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ ва афзоиши табодули тиҷорӣ бо меҳварияти бахши хусусиро мавриди таъкид қарор дод ва ибрози умедворӣ кард, бо пайвастани ҳар чӣ сареътари Ҷумҳурии исломии Эрон ба гуруҳи БРИКС,  муносиботи Теҳрон - Бразилиа беш аз пеш иртиқо ёбад.

Селсу Аморим бо баёни ин ки Эрон шарики қобили эътимоде барои Бразилия дар густариши муносиботи иқтисодӣ дар минтақаи Ғарби Осиё аст, омодагии Бразилия барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ҳавзаҳои фанновариву кишоварзиро эълом кард.

 

Барчасп