Таъкиди мақоми арманӣ ба озодии ҷомеаи арманиҳо дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i10555-Таъкиди_мақоми_арманӣ_ба_озодии_ҷомеаи_арманиҳо_дар_Эрон
Раиси Кумитаи таҳқиқ ва бозрасии кулли кишвари Арманистон гуфт, озодиҳои ҷомеаи арманиҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр хуб ва олӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 26, 2016 18:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақоми арманӣ ба озодии ҷомеаи арманиҳо дар Эрон

Раиси Кумитаи таҳқиқ ва бозрасии кулли кишвари Арманистон гуфт, озодиҳои ҷомеаи арманиҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр хуб ва олӣ аст.

Оқвон Ҳуспиён-раиси Кумитаи таҳқиқ ва бозрасии кулли кишвари Арманистон, рӯзи якшанбе дар ҳошияи дидорҳои худ бо мақомоти қазоии Эрон дар Теҳрон, дар гуфтугӯ бо Радиои армании бурун марзӣ, бо ибрози хурсандӣ аз вазъияти арманиҳо дар Эрон афзуд, ҷомеаи арманиҳои Эрон аз ҳеҷ кӯшише барои тавсеа ва пешрафти кишваршон дареғ намекунад.

Вай таъкид кард, ҳадаф аз сафараш ба Теҳрон, баррасии роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ошноӣ бо системаи қазоии Эрон будааст.

Ҳуспиён бо ишора ба тафоҳумномаҳои имзо шуда байни Эрон ва Арманистон дар заминаи ҳамкориҳои қазоӣ, гуфт, дар дидор бо Ғуломҳусайни Муҳсинии Эжай, муовини аввали қувваи қазоӣ ва бархе мақомоти қазоии Эрон, бар иродаи Арманистон барои густариши ҳарчи бештари ин ҳамкориҳо таъкид кардааст.

Ҳуспиён дирӯз шанбе ба даъвати Носири Сироҷ, раиси Созмони бозрасии кулли кишвари Эрон дар садри ҳайате ба Теҳрон ворид шуд.