Дар пайи инфиҷори террористи сурат гирифта ибрози ҳамдардии Раисӣ бо давлат ва миллати Покистон
(last modified 2023-07-31T05:25:11+00:00 )
Июл 31, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Дар пайи инфиҷори террористи сурат гирифта ибрози ҳамдардии Раисӣ бо давлат ва миллати Покистон
    Дар пайи инфиҷори террористи сурат гирифта ибрози ҳамдардии Раисӣ бо давлат ва миллати Покистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҷон бохтан ва захми шудани теъдоди аз шаҳрвандони Покистон дар инфиҷори террористи бо давлат ва миллати ин кишвар ибрози ҳамдарди кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи якшанбе дар пайи ҷонбохтан ва захми шудани теъдоди аз шаҳрвандони Покистон дар инфиҷори террористи дар маҳали гирдиҳамоӣ "ҳизби ҷамъияти уламои ислом" дар ноҳияи Боҷур дар паёми ба Шаҳбоз Шариф нахуствазири покистон бо давлат ва миллати ин кишвар ибрози ҳамдарди кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ибрози ҳамдарди ва таслият ба давлат ва миллати дусти Покистон ин иқдоми террористӣ ва курдилонаро маҳкум карду гуфт: Чунин иқдомоти ғайринсони ва ҷинояткорона ҳеҷгуна ҳосили ҷуз расвоӣ барои омилон ва омирони он дар пай нахоҳад дошт.

Иқдоми террористии рузи якшанбе 31 июл дар гирдиҳамоӣ ҷамъияти уламои ислом дар минтақаи Боҷури иёлати Хайбари Пахтавонхоҳи Покистон ва дар марзи муштараки бо Афғонистон ба кушта ва маҷруҳ шудани теъдоди аз шаҳрвандони покистонӣ мунҷар шуд.

Дар пайи инфиҷори бомб дар ин минтақа даҳҳо нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷруҳ шуданд.