Амирабдуллоҳиён: Ҳузури низомии кишварҳои хориҷи дар хоки Сурия роҳи ҳал нест
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҳузури низомии кишварҳои хориҷи дар Сурия ҳеҷкумаки ба субот ва амният дар ин кишвар ва дар минтақа нахоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон рузи душанбе дар конфронси хабарии муштарак бо Файсал Миқдод вазири умури хориҷаи Сурия афзуд: Эрон ба талошҳо ва ҳимоятҳои худ барои таҳаққуқи сулҳ, субот ва амният дар минтақа бо қуват идома хоҳад дод.
Амирабдуллоҳиён бо маҳкум кардани ҳамалоти пай дар пайи режими ишғолгари саҳюнистӣ ба сарзамини Сурия таъкид кард: Режими кудакуши саҳюнистӣ аслитарин манбаъи бесуботи дар минтақа аст зеро ин режими ҷинояткор боқимондани худ дар минтақаро аз ҷангафрузи дар минтақа медонад.
Вазири умури хориҷаи Сурия ҳам бо баёни ин ки аз соли 2011 ба 400 ҳазор террорист вориди хоки Сурия шуданд гуфт: Низомиёни амрикоӣ ҷамъи зиёди аз мардуми Сурия дар минтақаи Дайр аз-Зур ба шаҳодат расонданд артиши Туркия ҳам бахши аз сарзамини Сурияро ишғол карда аст.
Файсал Миқдод бо эъломи ин ки ҳеҷ душмании байни миллати Сурия ва Туркия вуҷуд надорад таъкид кард неруҳои бегона ва хориҷи бояд аз сарзамини Сурия хориҷ шаванд.