Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиш: Коре ки шумо анҷом додед як ифтихори бузург буд
(last modified 2023-08-06T10:04:38+00:00 )
Август 06, 2023 15:04 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиш: Коре ки шумо анҷом додед як ифтихори бузург буд
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиш: Коре ки шумо анҷом додед як ифтихори бузург буд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори фармонедҳ, коркунон ва хонаводаҳои новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон фармуданд: Коре ки шумо анҷом додед як ифтихори бузург буд.

Фармондеҳ, коркунон ва хонаводаҳои новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи якшанбе бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтанд: Маъмурияти бузурги гардиш даври кураи замин ки дар таърихи дарёнаварди итифоқ наюфтода буд натиҷаи фадокории гузаштагон дар артиш ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо қадрдони аз маҷмуъаи новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон фармуданд: Иқдоми гузаштагон дар даврони ҳаводиси муҳими инқилоб то имруз заминаи мувафақияти имруз аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки бояд қадрдони иқдомоти гузаштагони артиш ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ буд афзуданд: Артиш ва сипоҳ дар дарё фадокориҳои зиёди карданд ва натиҷаи фадокориҳо ба самар нишаст.

Ишон хитоб ба новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумуҳрии Исломии Эрон фармуданд: Нишон додед ки дарёи озод мутаъалиқ ба ҳама аст ва ин ки мегуянд иҷоза нахоҳанд дод фалон киштиҳо аз фалон тангаҳо убур кунанд ғалати зиёдати аст.

Новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз тайи 65 ҳазор километр дарёнаварди ба даври кураи замин ва убур аз уқёнуси Ҳинд, Ором ва Атлас рузи шанбе 20 май вориди обҳои сарзаминии кишвар шуд ва дар маҳдудаи обҳои Бандарабос дар обҳои Халиҷи Форс мавриди истиқболи ҷангандаҳои неруи ҳавоӣ артиш ва анбуҳи аз шиноварҳои эронӣ қарор гирифт.

 Новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ки ба номи новгуруҳи 360 низ шинохта мешавад 20 сентябри соли 2022 ба маъмурияти дарёнавардии дури кураи замин эъзом шуд.