Исломӣ: Тавлиди барқи нерӯгоҳи атомии Бушеҳр аз марзи 60 миллиард килавват соат гузашт
(last modified 2023-08-07T07:25:01+00:00 )
Август 07, 2023 12:25 Asia/Dushanbe
  • Исломӣ: Тавлиди барқи нерӯгоҳи атомии Бушеҳр аз марзи 60 миллиард килавват соат гузаш
    Исломӣ: Тавлиди барқи нерӯгоҳи атомии Бушеҳр аз марзи 60 миллиард килавват соат гузаш

Раиси Созмони энержи атомии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, таъкид кард: Тавлиди барқи нерӯгоҳи атомии Бушеҳр аз марзи 60 миллиард килавват соат гузашт.

Муҳаммад Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Имрӯз тавлиди барқи нерӯгоҳи атомии Бушеҳр ба беш аз 60 миллиард килавват соат расид ва бадин тартиб метавон гуфт муъодили 90 миллион бушка нафт сарфаҷӯйи шудааст.

Аъзои камисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷаи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, бо раиси Созмони энержии атоии эрон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Исломӣ дар ин ҷаласа гуфт: Пешрафт ва густарши ҳамаи сарфаслҳои фанноварии ҳастаӣ боиси вурӯди ин фанноварӣ ба зиндагии мардум ва таъсиргузории он дар иқтисоди миллӣ мешавад.

Раиси Созмони энержии атомии Эрон, дар идомаи нишаст бо аъзои камисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷаи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон афзӯд: Дар ин давра талош шуд, ки таъомул бо ожонси байналмиллалии энержии атоми беш аз пеш мудирият шавад.

Исломӣ ҳамчунин гуфт: Дар соли 1401 тавонистем 159 дастоварди донишӣ, фанноварона ва санъати дошта бошем. Иттифоқе, ки нишон аз як ҳаракати пурнишот ва мустамир дар ростои натиҷагирӣ аз таҳқиқот ва табодулоти он ба санъати шудан буд.