Раисӣ: Ҳузури неруҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа амниятсоз аст
(last modified Wed, 09 Aug 2023 13:57:58 GMT )
Август 09, 2023 18:57 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Ҳузури неруҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа амниятсоз аст
    Раисӣ: Ҳузури неруҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа амниятсоз аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ҳузури неруҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷо ба ҷои ин минтақа амниятсоз аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз чаҳоршанбе дар ойини бузургдошти шуҳадои мудофеъи ҳарам дар салони иҷлоси сарон гуфт: Шуҳадо нишон доданд равшанфикрони замони худ ҳастанд зеро заруриятҳои ҷомеъаро шинохтанд ва омодаи хатарпазири барои ифои нақш шуданд.

Раисӣ бо ёду номуши шаҳид ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ афзуд: Имруз хуни шаҳид Сулаймонӣ барои душман хатарноктар аз Қосими Сулаймонӣ аст ва ном, ёд, ва роҳу ормони ин шаҳиди бузургавор дар ҷомеъа инсонсози мекунад.

Расиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт: Паёми шаҳидон паёми ҳақхоҳи, ҳифзи арзишҳои исломӣ, итоъат аз вали, амният, оромиш, пешрафт ва истодаги дар роҳи Худо аст.