Суъуди навҷавонони валиболи Эрон ба ҷамъи 4 тими бартари ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i106058-Суъуди_навҷавонони_валиболи_Эрон_ба_ҷамъи_4_тими_бартари_ҷаҳон
Тими валиболи навҷавонони Эрон бо ғалаба бар Белжик ба шашумин пирӯзии паё пайи худ дар рақобатҳои қаҳрамонии зери 19 соли ҷаҳон даст ёфт ва ба ҷамъи чаҳор тими батари марҳилаи нима ниҳоӣ суъуд кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 10, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Суъуди навҷавонони валиболи Эрон ба ҷамъи 4 тими бартари ҷаҳон
    Суъуди навҷавонони валиболи Эрон ба ҷамъи 4 тими бартари ҷаҳон

Тими валиболи навҷавонони Эрон бо ғалаба бар Белжик ба шашумин пирӯзии паё пайи худ дар рақобатҳои қаҳрамонии зери 19 соли ҷаҳон даст ёфт ва ба ҷамъи чаҳор тими батари марҳилаи нима ниҳоӣ суъуд кард.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва Симо, марҳилаи як чаҳоруми поёнии мусобиқоти валиболи қаҳармони навҷавонони зери 19 соли ҷаҳон бомдоди имрӯз панҷшанбе дар Сан Ҷуани Аргентина пайгирӣ шуд.

Тими валиболи навҷавонони Эрон, ки то кунун панҷ бурди мутаволӣ дар ин рақобатҳо ба даст овардааст, ба масофи Белжик рафт ва се бар сифр ҳарифи худро шикаст доданд то ба ҷамъи чаҳор тими марҳилаи ниҳоӣ суъуд кунанд.

Дар дигар дидорҳои ин марҳила, тими Кареяи Ҷунубӣ бо бартарии 3 ба сифр баробари Италия ҳарифи навҷавонони Эрон дар нимаи ниҳоӣ шуд.

Тимҳои Фаронса ва Амрико низ муваффақ ба шикасти се бар сифри ҳарифони худ шуданд то ба марҳилаи ниҳоӣ суъуд кунанд ва ҳарифи яктигар дар ин марҳила шаванд.