Сардор Шариф: Нерӯи заминии сипоҳ ҳамвора ҷилавтар аз тарроҳони эҷоди ноамнӣ аст
(last modified Sat, 12 Aug 2023 13:16:16 GMT )
Август 12, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Сардор Шариф: Нерӯи заминии сипоҳ ҳамвора ҷилавтар аз тарроҳони эҷоди ноамнӣ аст

Сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, нерӯи заминии сипоҳ барои барқарории амният ҳамвора чанд гом ҷилавтар аз тарроҳони эҷоди ноамнӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сартип Рамазон Шариф, имрӯз (шанбе) дар оини таҷлил аз хабарнигорон афзуд, иқдомоти иттилоотӣ ва пешбиниҳои нерӯи заминии сипоҳ боис шуд то ДИИШ, ки қарор буд то марзҳои Эрон пешравӣ кунад, бо шикаст мувоҷеҳ шавад.

Сардор Шариф тасреҳ кард, корҳое, ки нерӯи заминии сипоҳ дар манотиқи марзӣ ҳамчун шимоли ғарб ва ҷануби шарқ анҷом медиҳад, иқдомоте бисёр муҳим ва таъсиргузор буда, ки бояд дар муаррифии ин иқдомот дар расонаҳо фаъолияти бештар аз ончӣ токунӯн сӯрат гирифта, анҷом шавад.