Амирабдуллоҳиён: Ҳечгоҳ масири музокира ва дипломасӣ тарк нашуд
(last modified Sat, 12 Aug 2023 13:54:35 GMT )
Август 12, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ҳечгоҳ масири музокира ва дипломасӣ тарк нашуд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, илова бар истимрори фароянди хунсосозии таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, ҳечгоҳ масири музокира ва дипломасӣ тарк нашуд ва талошҳо то касби натоиҷи ниҳоӣ ва эҳқоқи комили ҳуқуқи Эрон идома дорад.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар паёме навишт: "Аз ибтидои кори давлати сездаҳум, бар дипломасии пӯё барои касби ҳаддиаксарии манофеи миллӣ ва эҳқоқи ҳуқуқи миллати бузурги Эрон таъкид шуд."

Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон афзуд: "Илова бар истимрори фароянди хунсосозии таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, ҳечгоҳ масири музокира ва дипломасӣ тарк нашуд ва талошҳо то касби натоиҷи ниҳоӣ ва эҳқоқи комили ҳуқуқи Эрон идома дорад."