Тақдими рунавишти устуворномаҳои сафирони ҷадиди Колумбия, Камбоҷа ва Перу ба Амирабдуллоҳиён
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i106462-Тақдими_рунавишти_устуворномаҳои_сафирони_ҷадиди_Колумбия_Камбоҷа_ва_Перу_ба_Амирабдуллоҳиён
Сафирони ҷадиди Колумбия, Камбоҷа ва Перу дар Теҳрон рунавишти устуворномаҳои худро тақдими вазири умури хориҷаи Эрон карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Август 20, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Тақдими рунавишти устуворномаҳои сафирони ҷадиди Колумбия, Камбоҷа ва Перу ба Амирабдуллоҳиён
    Тақдими рунавишти устуворномаҳои сафирони ҷадиди Колумбия, Камбоҷа ва Перу ба Амирабдуллоҳиён

Сафирони ҷадиди Колумбия, Камбоҷа ва Перу дар Теҳрон рунавишти устуворномаҳои худро тақдими вазири умури хориҷаи Эрон карданд.

Ба гузориши ИРНА, Хулию Онибол Риёну Волондиё сафири ҷадиди Колумбия дар Теҳрон дар дидор бо Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон рунавишти устуворномаи худро тақдим кард.

Куи Кунг сафири ҷадиди Камбоҷа ва Сазор Угусту Дилос Кососдиёз сафири ҷадиди Перу дар Теҳрон ҳам дар дидор бо Амирабдуллоҳиён рунавишти устуворномаи худро ба вай тақдим карданд.