Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар тавсеаи муносибот бо Алҷазоир дар бахшҳои мухталиф
(last modified Tue, 22 Aug 2023 06:13:40 GMT )
Август 22, 2023 11:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар тавсеаи муносибот бо Алҷазоир дар бахшҳои мухталиф

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар дидор бо Иброҳм Буғолӣ-раиси Маҷлиси миллии Алҷазоир бо ишора ба сатҳи равобити олии сиёсии Эрону Алҷазоир бар иродаи Теҳрон барои тавсеаи муносибот бо Алҷазӣра дар абъоди мухталиф бавижа иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Амирабдуллоҳиён дар ин дидор ҳамчунин зимни таҷлил аз муҷоҳидатҳои мардуми Алҷазоир дар мубориза бо истеъмору ҳимоят аз Фаластин, иҳонатҳои ахир суратгирифта алайҳи муқаддасоти исломиро маҳкӯм ва бо ишора ба нақши маҷолиси кишварҳои исломӣ барои муқобила бо исломҳаросӣ ва иҳонат алайҳи муқаддасоти исломӣ, тавофуқи раисони маҷолиси Эрону Алҷазоир барои ташкили нишасти маҷозии руасойаи порлумонҳои исломӣ барои маҳкӯмияти иҳонатҳо алайҳи муқаддасоти исломӣ ва Қуръони Каримро муҳим хонд.
Раиси маҷлиси миллии Алҷазоир низ дар ин мулоқот зимни ишора ба иштироки дидгоҳи ду кишвар дар бисёре аз мавзӯъоти байналмилалӣ ва ташаккур аз ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз узвияти Алҷазоир дар Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид, равобити Эрону Алҷазоирро олӣ тавсиф ва бар зарурати тавсеаи равобити ду кишвар дар абъоди мухталиф бавижа муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва тавсеаи равобити порлумонӣ таъкид кард .Буғолӣ дар ин дидор ҳодисаи террористии ахир дар Шоҳчароғ ва ҳадаф қарор додани мардуми бегуноҳро маҳкӯм кард.
Раиси маҷлиси Алҷазоир ҳамчунин бо ишора ба нақши мухарриби режими саҳюнистӣ дар бисёре аз буҳронҳову мушкилоти ҷаҳони Ислом, бар ҳимояти кишвараш аз таъмини ҳуқуқи одилонаи миллати Фаластин таъкид кард.