Посухи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба номаи ҷамъе аз донишомӯзон дар бораи роҳпаймоии Арбаъин
(last modified 2023-09-02T12:42:16+00:00 )
Сентябр 02, 2023 17:42 Asia/Dushanbe
  • Посухи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба номаи ҷамъе аз донишомӯзон дар бораи роҳпаймоии Арбаъин

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар посух ба номаи ҷамъе аз донишомӯзон дар бораи роҳпаймоии Арбаъин таъкид карданд: Роҳпаймоии муқаддаси Арбаъин, фурсати таъаммулу тафаккур дар ҳадафу муҷоҳидати ҳазрати   Саид-ул-Шуҳадо (а) аст.

Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷамъе аз донишомӯзону фориғуттаҳсилони яке аз мадориси Теҳрон дар рӯзҳои гузашта ва пеш аз азимат ба Карбало ва зиёрати арбаъини Ҳусайнӣ (а), дар номае аз ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дархост карданд то тавсияҳое барои пурбортар шудани ҳузур дар роҳпаймоии Арбаъин дошта бошанд. Дар матни посухи раҳбари Инқилоби Исломӣ ба номаи ин донишомӯзон омадааст, дар ин роҳпаймоии муқаддас, фурсати таваҷҷуҳу тавассулро аз даст надиҳед, ва низ фурсати таъаммулу тафаккур дар муҷоҳидати  Саид-ул-Шуҳадо (а) ва ҳадафи он ва баракотеро, ки Худованд ба ин фидокории бузург ато кардааст, он ҳадаф, бояд ҳадафи ҳар инсон муъмин бошад. Аз Худованд тавфиқ ва ҳидоят бихоҳед ва дар роҳи он ҳадаф собит қадам бимонед.

Чиҳилрӯз пас аз шаҳодати ҳазрати Ҳусайн (а)-ро, ки мусодиф бо 20 сафар аст, Арбаъин мегӯянд. Аз аъмоли хоси ин рӯз зиёрати имом Ҳусайн (а) аст, ки мусулмонон аз чанд рӯз қабл бо пои пиёда худро ба Карбало мерасонанд.