Исломӣ : Густариши фанноварии ҳастаӣ дар арсаҳои мухталиф бо қудрат идома меёбад
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Фанноварии ҳастаӣ дар арсаҳои мухталиф тавсеа меёбад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ бо баёни инки яке аз аҳдофи санади тавсеаи фанноварии ҳастаии Эрон,нерӯгоҳҳои барқ ва сомонаҳои партавдиҳӣ аст, афзуд: Дар ҳавзаи партавдиҳӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ зарфияти бисёр муҳимме барои тавлиди маҳсулоти ғизои солим ҳосил шудааст ва бо чунин зарфияте метавон маҳсулоти кишоварзии солим тавлид кард ва бо таъмини саломати мардум ҳазинаи дармонро коҳиш дод.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон саҳми устони Хузистон дар тавлиди маҳсӯлоти мухталифи кишоварзиро қобили тавваҷуҳ донист ва гуфт: Маҳсӯлоти кишоварзии ин устон дар содироти ғайринафтӣ низ саҳми вижае дорад; бинобарин эҷоди сомонаҳои партавдиҳӣ дар Хузистон бояд мавриди тавваҷуҳ қарор гирад.
Исломӣ бо баёни инки баҳраварӣ дар тавлиди маҳсӯлоти кишоварзӣ аз тариқи сомонаҳои партавдиҳӣ дар тавсеаи тиҷорати хориҷӣ аз аҳамияти болое бархурдор аст, аз роҳандозии аввалин корхонаи тавлиди писта бо истифода аз системаи донишбунёни партавдеҳии кишвар дар ояндаи наздик хабар дод ва гуфт:Талош мешавад то поёни давлати сездаҳум се маркази партавдеҳии кишвар ба давоздаҳ марказ афзоиш ёбад.