Сентябр 09, 2023 10:54 Asia/Dushanbe
  • Аввалин ҳузури расмии Эрон дар нишасти Шӯрои сохтори мубориза бо тероризми Созмони ҳамкории Шанхай

Дар паи узвияти комили Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ҳайате аз Эрон дар чиҳилумин нишасти Шӯрои сохтори минтақаии мубориза бо тероризми ин созмони мавсӯм ба « РАТС » ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст, ки намояндагони 11 кишвар шомили 9 кишвари узв ва 2 нозир дар он ҳузур доштанд, дастури кори аз пеш таъйиншуда мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт ва тасмимоти гирифташуда таи санадҳои расмӣ эълом ва ба имзои намояндагони кишварҳо расид.
Ҳамчунин аъзо дар ин нишаст зимни табрики самимона нисбат ба узвияти Ҷумҳурии исломӣ дар созмон, аз ҳузури Эрон дар Шӯро ба унвони яке аз кишварҳои муҳимму муассир дар таҳаввулоти минтақа истиқбол карданд.
Аъзои шӯро дар мавриди охирин таҳаввулоти муртабит бо тероризм,ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ низ ба изҳори назар пардохтанд ва бо маҳкум кардани ҳамалоти террористии чанд моҳи ахир аз ҷумла ҳамлаи ДИИШ ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Шоҳчароғ ( а ) пешниҳодоте барои боздорандагӣ аз ин гуна иқдомоти террористӣ матраҳ карданд.
Дар ин нишаст аз талошҳои кишварҳои минтақа дар мубориза бо тероризму ифротгароӣ тақдир ва аз қурбониён, неруҳо ва фармондеҳони низомӣ аз ҷумла шаҳид Қосими Сулаймонӣ таҷлил ба амал омад.
Идомаи мубориза бо ДИИШ ва зарурати тавваҷуҳ ба вазъияти Афғонистон 2 мавзӯи муҳимме буд, ки дар ин нишаст мавриди тавваҷуҳи вижа қарор дошт.
Раёсати ин шӯро дар соли ҷорӣ бар ӯҳдаи Қазоқистон буд ва ин нишаст бо ҳузури мушовири амнияти миллии ин кишвар баргузор шуд.
Раёсати соли оянда бо назари аъзо ба Чин вогузор шуд.
 

 

Барчасп