Декабр 28, 2016 17:48 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили раиси Ҷумҳурии Эрон аз солрӯзи ҳамосаи мардумӣ дар 9 дай

Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамосаи 9 дайро нишондиҳандаи ишқу алоқаи мардуми Эрон ба вилояти фақеҳ ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ донист.

Руҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти тахассусии ҷомеаи назорат ва бозрасӣ дар Теҳрон дар бораи ҳузури пуршӯри миллати Эрон дар роҳпаймоии 30 декабри соли 2009, баробар бо нуҳуми дайи соли 1388 таъкид кард: Мардуми Эрон дар он рӯзҳо эҳсос карданд, ки ба шиорҳои динӣ ва Имом Ҳусайн (а) тавҳин шудааст ва ба хотири ишқи беандозаи худ ба Абоабдиллоҳилҳусайн (а) ва дифоъ аз масири ҳақ, хонадони рисолат, низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вилояти фақеҳ, он ҳаракати бузургро анҷом доданд.

Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи маҷлис бо ишора ба фаро расидани солрӯзи нуҳуми дай гуфт: Миллати Эрон муддатҳо пас аз фитнагариҳои мухталиф дар кишвар бо ҳузури якпорча ва таъйинкунандаи худ дар саҳна, иродаи худро бори дигар барои ҳимоят аз инқилоби исломӣ нишон дод.

 Раиси маҷлиси Эрон таъкид кард: Дар он мавқеияти ҳассос, ки Амрико ва баъзе дигар кишварҳои ғарбӣ ва низ саҳюнистҳо бо макру ҳилагарӣ ба думболи ошуфтасозӣ ва фиребкорӣ дар дохили Эрон буданд, миллати Эрон бо ҳузури бамавқеи худ дар саҳна, ҳамаи нақшаҳои ононро барои оғози моҷароҷӯии ҷадид дар Эрон беасар кард.

Мардуми Эрон дар роҳпаймоии миллионии худ дар нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009) посухе қотеъ ба аносири фитнагаре доданд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар интихоботи даҳумин давраи риёсати ҷумҳурии Эрон, қасди ошуб дар кишварро доштанд.

 

Барчасп