Раиси кулли бонки марказии Эрон: 5.5 миллиард евра ба ҳисоби 6 бонки эронии дар Қатар вориз шуд
-
Раиси кулли бонки марказии Эрон: 5.5 миллиард евра ба ҳисоби 6 бонки эронии дар Қатар вориз шуд
Раиси кулли бонки марказии Эрон гуфт: 5 миллиарду 576миллион 492 ҳазор евра ба ҳисоби 6 бонки эрони назди ду бонки Илоаҳли ва Ал-Духон вориш шуда аст.
Муҳаммадризо Фарзин раиси кулли бонки марказии Эрон дар гуфтугуи телевизиони дар бораи озодсозии манобеъи булукашудаи Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ афзуд: 10 авгус кулияи манобеъи ғайри қобили дастрасии Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ҳисобҳои ду бонки Вори ва ИБК ва шуъбаи Сеул бонки миллат нигаҳдори мешавад ба ҳисоби бонки марказии Шветсария барои табдил ба евра мунтақил шуд.
Раиси кулли бонки маркази бо баёни ин ки анҷоми тамоми пардохтҳо тавассути коргузорони байналмилалии бонкҳои қатарӣ ва ҳамчунин СВИФТ сурат хоҳад гирифт гуфт: Рузи гузашта номаи расми аз мақомоти қатарӣ дарёфт шуд, ки бар асоси он ҳисоби бонкҳои эронии дар Қатар фаъолшуда ва имруз душанбе 5 миллиарду 576 миллиону 492 ҳазор евра ба ҳисоби 6 бонки эронии назди ду бонки Элоаҳли ва Ал-Духон вориз шуда аст.
Раиси кулли бонки марказии Эрон ҳамчунин бо ёдоварии ин ки шикояти Эрон аз Кореяи Ҷанубӣ ба далели дастраси надоштани Эрон ба маблағи мазбур ва коҳиши арзиши он ба манзури дарёфти хисорот дар ҳоли пайгири аст афзуд: Дастраси ба манобеъи арзии кишвар дар чанд кишвари дигар низ дар ҳоли анҷом аст, ки бо таҳаққуқи қатъи натоҷи он эълом хоҳад шуд.
Амрико дар чорчуби руйкарди таҳримии худ ва сиёсати фишори ҳадиаксари зидди Эрон ба таври ғайриқонуни бархе манобеъи моли ва амволи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар хориҷ аз кишвар масдуд карда буд.
Дар ҳамин ҳол Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико мувофиқат кард то бо азои озодии 5 зиндонии амрикоӣ дар Эрон дороиҳои Эрон дар кореяи Ҷанубиро озод ва ҳамчунин озодии 5 шаҳрванди эрониро дар Амрико зиндон буданд тазмин кунад.