Сентябр 19, 2023 14:00 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Донишгоҳи аллома Таботабойии Эрон барои ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишӣ бо Тоҷикистон

Раиси Донишгоҳи аллома Таботабойӣ аз омодагии ин донишгоҳ барои ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишӣ бо донишгоҳҳои Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, Низомиддини Зоҳидӣ-сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо Абдуллоҳи Муътамидӣ-раиси Донишгоҳи аллома Таботабойӣ дидор ва дар бора густариши ҳамкориҳои илмӣ, омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва фарҳангӣ гуфтугу кард.
Раиси Донишгоҳи аллома Таботабойӣ ин донишгоҳро як донишгоҳи тахассусӣ дар ҳавзаи улӯми инсонӣ унвон кард ва гуфт : Мо иртибототи байналмилалии густардае бо кишварҳои мухталиф дорему донишҷӯёни ҳудуди 30 кишвар дар ин донишгоҳ дар се марҳилаи коршиносӣ, коршиносии аршад ва докторӣ таҳсил мекунанд.
 

 

Барчасп