Вазири дифои Эрон : Ҳифзи тамомияти сарзаминии кишварҳои минтақа ҷузви сиёсати аслии Эрон аст
(last modified 2023-09-20T12:30:57+00:00 )
Сентябр 20, 2023 17:30 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон : Ҳифзи тамомияти сарзаминии кишварҳои минтақа ҷузви сиёсати аслии Эрон аст

Вазири дифои Эрон гуфт : Ҳифзи тамомияти сарзаминии кишварҳои минтақа ва марзҳои байналмиллалӣ ҷузви хатҳои қирмиз(сиёсатҳои асли)и Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,амир Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ-вазири дифои Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Сергий Шайго-вазири дифои Русия бо ишора ба собиқаи чанд даҳаи равобити дифоӣ ва низомии ду кишвар афзуд : Ҳамкориҳои дифоӣ ва низомии Эрону Русия ҳамвора бо ҳимояту пуштвонаи раҳбарони олирутба бо ҳадафи тақвияту таҳкими суботу амният дар минтақа ва низоми байналмилалӣ пайгирӣ ва дунбол шудааст.
Вазири дифои Эрон бо ишора ба таҳаввулоти ҷадиди байналмилалӣ ва талоши кишварҳои мустақил барои эҷоди низоми чандқутбӣ ва одилона дар баробари рӯйкардҳои якҷонибагароёнаи бархе аз кишварҳо, гуфт : Рушду тавсеаи созмонҳои минтақаӣ назири Шанхай ва БРИКС нишонаҳое аз тамоюли кишварҳои ҷаҳон ба низоми чандқутбӣ аст.
Амир Оштиёнӣ бо муваффақ арзёбӣ кардани таҷрибаи ҳамкорӣ ва мушорикати Эрону Русия дар ҳавзаҳои минтақаӣ аз ҷумла мубориза бо тероризм дар ғарби Осиё, шароиту таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалиро ниёзманди мушорикат бар мабнои манофеи мутақобил ва муштарак донист ва таъкид кард : Ба таври қатъӣ ҳамкориҳои дифоӣ ва низомии дуҷониба дар чорчуби сулҳу амнияти байналмилал пеш хоҳад рафт .
Сергий Шайго-вазири дифои Русия низ бо қадрдонӣ аз даъвати Ҷумҳурии исломии Эрон  сатҳи равобити миёни ду кишварро роҳбурдӣ арзёбӣ кард .
Вазири дифои Русия бо таъкид бар афзоиши сатҳи ҳамкориҳои роҳбурдии Маскав – Теҳрон, таъомулоти созанда миёни Эрону Русияро муҷиби эҷоди суботу амният дар минтақа донист ва тадовуми ҳамкориҳо ва ҳаракат дар ростои низоми чандқутбиро хостор шуд .
Вазири дифои Русия дар бора таҳаввулоти минтақаӣ низ тасреҳ кард : Русия дар масоили минтақаӣ фаъол аст ва ҳамроҳии кишвари бузурге ҳамонанди Эрон метавонад ба амнияту суботи минтақа кумак кунад .
Вазири дифои Русия бо даъвати расмии сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ-раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Теҳрон сафар кардааст.
Эрону Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижа равобити иқтисодӣизомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико иштироки манофии роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст.

 

Барчасп