Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Гуфтугӯҳои созанда дар Ню-Йорк баргузор шуд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз гуфтугӯҳои созанда бо мақомоти кишварҳои мухталиф дар ҳошияи ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк хабар дод.
Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Эрон пресс”, бо ташреҳи дидорҳои анҷомшуда дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк, гуфтугӯҳои Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти кишварҳои мухталиф ва ниҳодҳои минтақаӣ ва ҷаҳониро созанда ва рӯ ба пеш тавсиф кард.
Ҳафтоду ҳаштумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури сарони кишварҳову давлатҳо, вазирону ҳайатҳои кишварҳои узви ин созмон аз сешанбеи 19 сентябри соли 2023 дар Ню-Йорк оғоз шуд.
Дар ин нишаст ва музокироти сатҳи олӣ, ки дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид баргузор ва то сешанбеи 26 сентябр идома хоҳад дошт, намояндагоне аз 193 кишвар ширкат доранд.
Раёсати ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаи умумии СММ бар ӯҳдаи Денис Франсис аз Тринидад ва Тобаго аст.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ, ки барои ширкат дар ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар карда буд, рӯзи гузашта (панҷшанбе) вориди Теҳрон шуд.
12 дидор дар сатҳи сарону суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз раҳоварди дуюмин ҳузури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафар ба Ню-Йорк буд.