Сентябр 29, 2023 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ
    Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ

Хатиби ҷумъаи Теҳрон бар зарурати ваҳдати мусулмонон таъкид кард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи шаҳри Теҳрон бо таъкид бар зарурати ваҳдати мусулмонон гуфт, Англияву Амрико бо эҷоди ҷангу бадбиниву тафриқа саъй бар ташкили нифоқу тафриқа байни дигарон доранд.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо табрики ҳафтаи Дифои муқаддас афзуд, ҷабҳаву Дифои муқаддас ҷойгоҳи валии фақеҳу тафовути онро бо дигар раҳбарони олам дар маърази диди ҷаҳониён қарор дод.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба суханронии ахири Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, Қуръонро китоби тамаддунсозу инсонсозу маншаи ваҳдат донисту гуфт: Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Қуръонро дар СММ ба унвони як нуру парчам ба даст гирифт ва ба эҳтизоз даровард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ бо ишора ба ирсоли моҳвораи Нур гуфт: Ин иқдом барги заррини ҷадиде дар дафтари ифтихороти Эрони исломӣ аст.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон дар бахши дигаре аз суханони худ ҳамчунин аз талоши неруҳои амниятии Эрон барои хунсосозии даҳҳо бомбаву амалиёти террор дар кишвар қадрдонӣ кард.

 

Барчасп