Октябр 01, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Сивуҳафтумин конфаронси байналмилалии ваҳдат бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Сивуҳафтумин конфаронси байналмилалии ваҳдат бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сивуҳафтумин конфаронси байналмилалии ваҳдати исломӣ бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА бахши ҳузурии сивуҳафтумин конфаронси байналмилалии ваҳдати исломии имрӯз якшанбе бо ҳузури Сайид Иброҳӣми Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд ва ҳуҷҷати алислом Ҳамиди Шаҳриёрӣ дабирикули маҷмаъи ҷаҳонии тақрубулмазоҳиби исломӣ гузориши аз барномаҳои ин конфаронс ироа кард .

Бахши нишастҳои маҷозии ин конфаронс ки соли 99 ва ҳамзамон бо густариши вируси корона дар сивучаҳорумин конфаронси ҷойгузини бахши ҳузурӣ шуда буд, ҳамчунон идома дорад ки аз панҷшанбеи 28 сентябр дар қолаби 16 нишасти маҷозӣ бо ҳузури 240 андешманд оғоз шуд ва дар ҳар нишасти маҷозии 15 андешманди дохилӣ ва хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоъи фазои маҷозӣ суханронӣ мекунанд .

Миҳмонони ҳузурии конфаронси сивуҳафтумин шомили 110 андешманд аз 41 кишвар дар сатҳи олӣ ва 110 нафар аз нухбагону масъӯлони дохилӣ ҳамчун аъиммаи ҷумъа ва ҷамоат дастгоҳҳои фарҳангӣ ва ҳамчунин бонувон фарҳихта ҳастанд.

Барчасп