Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод: Арзёбӣ ва озмоиши қобилияти анвоъи паҳподҳо дар манотиқи марзии кишвар
(last modified 2023-10-04T06:22:46+00:00 )
Октябр 04, 2023 11:22 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод: Арзёбӣ ва озмоиши қобилияти анвоъи паҳподҳо дар манотиқи марзии кишвар

Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон шинохту арзёбии қобилияти паҳподҳои сохта шуда ва наҳваи ба‍коргирии анвоъи паҳподҳо бо таваҷҷуҳ ба навъи маъмуриятҳои муҳаввала дар манотиқи марзиро аз аҳдофи аслии размоиши паҳподии артиш эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сартип Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нери заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи размоиши паҳподии артиш бо ишора ба аҳдофи баргузории ин размоиш гуфт, шинохту арзёбии қобилияти паҳподҳои сохта шуда тавассути мутахассисони дохилӣ ва наҳваи ба‍коргирии анвоъи паҳподҳо бо таваҷҷуҳ ба навъи маъмуриятҳои муҳаввала, аз аҳдофи аслии ин размоиши паҳподӣ башумор меояд. Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, паҳподҳои Ораш, Абобил ва  ғайра, аз ҷумлаи паҳподҳои истифода шуда дар ин размоиш ҳастанд, ки ҳаддиаксар бурди маддиназарро ба даст овардаанд; ҳамчунин сомонаҳои ҳидоятӣ низ дар буъди шиносоии марзҳо ва таҳоҷумӣ низ амалкарди бисёр матлуберо дар рӯзи аввали размоиш ба намоиш гузоштаанд.

 

Барчасп