Октябр 05, 2023 16:42 Asia/Dushanbe
  • Боздиди муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон аз ғурфаи Эрон дар Намоишгоҳи китоб

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон аз ғурфаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ёздаҳумини Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Тоҷикистон дидан кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Давлат Сафар-муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар боздид аз ғурфаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ёздаҳумин Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Тоҷикистон дар бораи иштирокоти фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвар, ҳузури шоирону шахсиятҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва расонаӣ баргузории маҳфилҳои " Шаби шеър " ба муносибати рӯзи Рудакӣ, Ҳофиз ва Фирдавсӣ бо масъулони ғурфаи Эрон табодули назар кард . Ёздаҳумини Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Тоҷикистон бо ҳузури ҳашт кишвари хориҷӣ ва мушорикати 50 ношир аз кишварҳои мухталиф аз сеюм то панҷуми октябр баргузор мешавад ва Русия меҳмони вижаи ин давра аз намоишгоҳ аст. Хонаи китобу адабиёти Эрон дар ғурфае ба масоҳати 22 метри мураббаъ бо арзаи 800 унвони китоб дар мавзӯъоти адабиёти классику муосир, шеър, достону китобҳои муртабит бо Паёмбари акрам ( с ) дар ин намоишгоҳ ширкат кардааст.
 

 

Барчасп