Амирабдуллоҳиён : Сардори шаҳид, Сулаймонӣ лоиқтарин намоди сулҳи ҷаҳонӣ аст
(last modified Sat, 07 Oct 2023 05:11:36 GMT )
Октябр 07, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Сардори шаҳид, Сулаймонӣ лоиқтарин намоди сулҳи ҷаҳонӣ аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми сиёсии Кумитаи сулҳи Нобел гуфт : Лоиқтарин намоди сулҳи ҷаҳонӣ, сардори фидокоре буд, ки 2 даҳа бо тероризм ва хашинтарин ҷинояткорон мубориза ва амнияти минтақа ва ҷаҳонро тазмин кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонусайни Амирабдуллоҳиён дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Ҳузури даҳҳомиллионии мардум дар ташйиъи шаҳид,ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар Эрону Ироқ ва ҳамдилии ҷаҳонён бошукӯҳтарин ва мондагортарин супурдани ҷоизаи сулҳ дар таърих буд.
Кумитаи Нобели Норвегия рӯзи ҷумъа эълом кард ҷоизаи соли 2023 худро ба Наргиси Муҳаммадӣ эҳдо мекунад.
Наргиси Муҳаммадӣ дар ҷараёни фитнаи соли 1388 шамсӣ ва фаъолиятҳои зидди ҳуқуқи башарӣ ва мухолифу муғойир бо манофеи миллати Эрон дар Конуни мудофеъони ҳуқуқи башар ; конуне, ки раёсати онро Ширини Ибодӣ бар ӯҳда дошт, ибтидо мамнӯъулхурӯҷ ва сипас дар хурдоди 1389 шамсӣ боздошт шуд.
Вай дар хурдоди 1400 шамсӣ низ ба иттиҳомоти « таблиғи алайҳи низом », « таҳассун дар дафтари зиндон », « тамарруд аз раёсату мақомоти зиндон » ва « тахриби шишаҳо » ва « ифтиро » бори дигар маҳкум шуд ва ба зиндон афтод.