Озодсозии 1/7 миллиарддоллар аз манобеи арзии Эрон дар Люксембург
1.7 миллиард доллар аз манобеи арзии Эрон дар Люксембург озод шуд.
Ба гузориши ИСНА , бо иқдомоту пайгириҳои ҳуқуқии Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрону судӯри раъйи Девони олии Люксембург, мавонеъи қазоӣ ҷиҳати дастрасӣ ба дороиҳои арзии бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрони муодили як миллиарду 700 миллиондоллар дар Люксембург бартараф шуд ва ин манобе ҳамакнӯн дар дастраси Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифтааст.
Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, ки амволу дороии арзии ин бонк назд муассисаи Clearstream дар соли 2020 бо шикояти бархе атбои амрикоӣ тавқиф шуда буд, ки бо эътирозу пайгириҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ниҳоят, Девони олии кишвари Люксембург 28 сентябри 2022 эътирозу далоили Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эронро мавриди пазириш қарор дод.