Сарлашкар Саломӣ : Дар сояи рӯҳияи шаҳодат талабӣ, таваллуди фаластинӣ ҷаддид мушоҳида мешавад
(last modified Mon, 09 Oct 2023 05:36:49 GMT )
Октябр 09, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ : Дар сояи рӯҳияи шаҳодат талабӣ, таваллуди фаластинӣ ҷаддид мушоҳида мешавад
    Сарлашкар Саломӣ : Дар сояи рӯҳияи шаҳодат талабӣ, таваллуди фаластинӣ ҷаддид мушоҳида мешавад

Фармондеҳи кули Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар хусуси амалиёти тӯфони Ал-Ақсо ва хисороти сангини режими саҳюнистӣ дар ин амалиёт гуфт, имрӯз дар сояи рӯҳияи шаҳодати талабӣ, таваллуди фаластинӣ ҷадид мушоҳида мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сардори сарлашкар Ҳусайн Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар ойини ифтитоҳияи Конгресси миллии ҳашт ҳазор шаҳиди Ҳамадон бо баёни ин,ки достони режими саҳюнистӣ рӯ ба поён аст, афзӯд, фаластиниҳо дар шароити муҳосира ба чунин қудрат даст ёфтаанд.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин,ки рӯҳияи исору шаҳодати рамзи пирӯзии мусулмонона аст афзӯд, Амрико ҳомии режими саҳюнистӣ як такиягоҳ суст аст ва  Исроил аз он сусттар, аммо такиягоҳи муқовимати исломӣ Худо аст ва Фаластин бар пояи имон дар авҷи муҳосира қудрате сохтанд, ки саҳюнистҳоро залил карда аст .