Октябр 11, 2023 09:57 Asia/Dushanbe
  • Заминларзаи нисбатан шадиде Машҳадро ларзонд

Заминларзаи нисбатан шадиде соати чаҳору 11 дақиқаи бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) Машҳад ва дигар шаҳрҳои Хуросони Разавиро ларзонд.

Ба гузориши ИРНА, ин зилзила наздики азони субҳ рӯй дод, ки шиддати он дар манотиқи шарқии Хуросони Разавӣ, аз ҷумла шаҳристони Тоибод бештар будааст.

Маркази ларзанигории кишварии Муассисаи геофизики Донишгоҳи Теҳрон, қудрати ин заминларзаро 6.3 риштер дар умқи 10 километрии сатҳи замину маҳали вуқуъи онро шаҳри Зиндаҷон дар вилояти Ҳироти Афғонистон унвон кардааст, ки шиддати ин заминларза дар Машҳад ва шаҳрҳои дигари Хуросони Разавӣ ҳам эҳсос шуд.

Зиндаҷон дар 130 километрии шаҳри Тоибод ва 80 километрии марзи Эрон қарор дорад.

Шанбеи ҳафтаи ҷорӣ низ вуқуъи чандин зилзилаи шадиди болои 6 риштерӣ дар минтақаи Ҳироти Афғонистон, ки дар Машҳад ва шаҳристонҳои марзии шарқи Хуросони Разавӣ эҳсос шуда буд, ҷони шумори зиёде аз сокинони навоҳии рӯстои кишвари ҳамсояро гирифт.

 

Барчасп