Октябр 16, 2023 20:02 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими гуштини соҳилии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Тими миллии гуштини соҳилии Эрон бо касби чаҳор медоли рангоранг, қаҳрамони мусобиқоти ҷаҳонии гуштини соҳилӣ дар Туркия шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар поёни мусобиқоти ҷаҳонии гуштини соҳилӣ дар Туркия, тими Эрон бо касби 2 медоли тиллои Ҳусайни Аббоспӯр дар вазни 80 килограм ва Ҳодии Вафоипӯр дар вазни 90 килограм, як медоли нуқраи Муҳаммадалии Табор дар вазни ба изофаи 90 килограм ва як медоли брунзи Ҳамидризо Зарринпайкар дар вазни 90 килограм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дар ин рақобатҳо пас аз тими Эрон, ки бо 80 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, тимҳои Туркия бо 77 ва Гурҷистон бо 44 имтиёз дувум ва сеюм шуданд.

 

Барчасп