Хурӯши мардуми Эрон дар маҳкумияти ҷиноёти саҳюнистҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i108258-Хурӯши_мардуми_Эрон_дар_маҳкумияти_ҷиноёти_саҳюнистҳо
Иҷтимои азими мардуми Эрон дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва дифоъ аз миллати мазлуми Фаластин ба сурати ҳамзамон дар саросари кишвар оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластину Ғазза дар Эрон
    Ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластину Ғазза дар Эрон

Иҷтимои азими мардуми Эрон дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва дифоъ аз миллати мазлуми Фаластин ба сурати ҳамзамон дар саросари кишвар оғоз шуд.

Ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир дар шомгоҳи сешанбе ба авҷи худ расид ва садҳо тан аз фаластиниён дар бемористони Алмаъамадонӣ дар маркази Ғазза ҳадафи ҳамалоти саҳюнистҳо қарор гирифтанд.

Дар ин ҷиноят беш аз 500 нафар аз мардуми бегуноҳи Фаластин, ки бисёре аз онҳо занону кӯдакон буданд, ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши ИРНА, ақшори мухталифи мардуми Эрон бо дар даст доштани парчамҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Фаластин ва сар додани шиорҳои “Марг бар Исроил”, “Марг бар Амрико”, “На созиш, на таслим, набард бо Исроил”, ҷиноёти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо дар Ғаззаро маҳкум карданд.

Дар Теҳрон низ ҷамъи мухталифи ақшори мардум аз зану марду пиру ҷавон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластину Ғазза ба майдони Инқилоб омаданд ва бо мардуми мазлуми Фаластин ибрози ҳамдардӣ карданд.

Қарор аст Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар таҷаммуи мардуми Теҳрон суханронӣ кунад.