Октябр 19, 2023 10:10 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвар : Режими саҳюнистӣ масири уфул ва фурӯпоширо тай мекунад
    Вазири кишвар : Режими саҳюнистӣ масири уфул ва фурӯпоширо тай мекунад

Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, мавзеи Амрико ва сукути ғарбиҳо дар қиболи ҷиноёти зидди башарии режими саҳюнистиро ибратомез хонд ва таъкид кард : имрӯз муқовимати қавӣ ва устувор дар майдон аст ва режими саҳюнистиӣ масири уфул ва фурӯпоширо тай мекунад .

« Аҳмади Ваҳидӣ » вазири кишвар имрӯз ( душанбе ),  дар гуфтугў бо Ирно  дар бораи амалиёти Тӯфон Алақсо гуфт : Амалиёти Алақсо бо қудрати бартар тарроҳӣ шуд ва  амалиётии ғофилгирона буд.

Вазири кишвар бо ишора ба шикасти муфтазаҳонаи режими саҳюнистӣ ва  пойдории мардуми Фаластин, афзӯд:Мардуми Фаластин бо вуҷӯди ҳамалоти ваҳшиёна ва  сабъонаи режими саҳюнистӣ бо пойдорӣ дар майдони набард боқи монданд ва ҳамчунон муқовимат мекунанд.

Ваҳидӣ бо ишора ба « дадманишии режими саҳюнистӣ »,  гуфт : Режими саҳюнистӣ бо насл киштӣ ва  ҷинояти алайҳи башарият чеҳраи кариаашро ба ҷаҳонён нишон дод.

Вазири кишвар ба « мавзеи Амриков а  сукути ғарбиҳо ».  ишора ва хотирнишон кард : Амрико аз ҷиноёти зидди башарӣ ва  наслкушии режими саҳюнистӣ  дифоъ карда ва ин ҷиноётро таъид мекунанд ва ба режими саҳюнистӣ барои идомаи ин ҷиноёт чароғи сабзе нишон медиҳанд,  ин рафторҳо бисёр ибратомез аст.

Ваҳидӣ гуфт : Сукути ғарбиҳо ва бастани чашмҳояшон дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ паёмадҳои муҳимме дорад ва метавонад муъодилоти минтақаро вориди масири ҷаддидӣ кунад.

Барчасп