Таҳлил : Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон ба Осиёи Марказӣ/афзоиши аҳамияти роҳбурдии Тоҷикистон барои Теҳрон
(last modified 2023-10-21T10:08:45+00:00 )
Октябр 21, 2023 15:08 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон ба Осиёи Марказӣ/афзоиши аҳамияти роҳбурдии Тоҷикистон барои Теҳрон
    Таҳлил : Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон ба Осиёи Марказӣ/афзоиши аҳамияти роҳбурдии Тоҷикистон барои Теҳрон

Эрон метавонад аз ҳузури ширкатҳоу сармоягузориҳои эронӣ дар бозори Тоҷикистон барои тақвияти нақши худ дар ин кишвар ва ба унвони сакуи париши барои кули Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Чин истифода кунад.

Афзоиши феҳристи таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Русия таъсири ғайримунтазира ва на чандон матлӯб дорад. Дар ин миён,  кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели муҳоҷирати касби ва кору сармоягузорон русӣ ба ин минтақа.  рушд бесобиқаеро таҷриба мекунанд. Барои намуна,  рушди тавлиди нохолиси дохилии 7 . 5 дарсадии Тоҷикистон,  рушди пешбинӣ шудаи Узбекистони 6 . 5 дарсад , Қазоқистон бо рушди 5 дарсад, Қирғизистон бо 4 . 6 дарсади нишондиҳандаи таъсири мусбати ҷанг бар иқтисоди кишварҳо Осёиӣ Марказӣ аст.  Дар маҷмӯъ,  Амрикои Шимолӣ ва  Аврупоиҳо танҳо кишварҳое ҳастанд, ки аз ҷанги ниёбатӣ дар Украина  ҷанбаҳои иқтисодии он осеб дидаанд .

Тақвияти содироти Эрон ба Осиёи марказӣ нозирон дар Вашингтон бовар доранд, ки ин кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кумак мекунанд то таҳримҳои эъмол шуда тавассути Ғарб бар сари буҳрони Украинаро давр бизанд. Бо тавваҷуҳ ба ин,ки иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли хариди газу нафт аз Русия аз тариқи полоишгоҳҳои Ҳинд аст,  ба назар мерасад, ки Ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ бихоҳанд аз ҳамоқати Ғарб суде бибаранд. Алорағми ин,ки Вашингтон ва  муттаҳидонаш тамоми маҳдӯдиятҳоро алайҳи Русия эъмол мекунан,  бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз иқтисоди Русия суд мебаранд ва ба он кумак мекунанд. Батавре, ки ҳатто бо пешбинии афзоиши 70 дарсадии ҳазинаҳои низомӣ,  касрии буҷети Русия бояд камтар аз 2 дарсад бошад.

Моҷарои дигар барои густариши тиҷорату ҳамкорӣ, иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё бо Русия. Беларус ва Арманистон аст, ки ин унсури якпорчагии иқтисодиро аз тариқи бозорҳои муштарак, ҳамоҳангсозии муқаррарот ва  тавонмандсозии манотиқи озоди тиҷорӣ тасҳил мекунад. Ин шуракои Осиёӣ  бо кумак ба Рӯсия барои содироти колоҳо ва  маҳсӯлот ва  воридот аз тарафҳои солис барои содирот ба Русия аз мазоёии комил истифода мекунанд. Дар натиҷа, масрафи ду тараф афзоиш ёфта, ки барои Русия ва  шуракои тиҷории ӯ таъсири мусбат дорад.  Ширкатҳои руси умдатан Қазоқистон ва  Қирғизистонро ба далели наздикии ҷуғрофиёӣ ва  арзишҳои фарҳангии муштарак интихоб кардаанд. Бо ин ҳол, тибқи гузоришҳои расмӣ, Туркманистон бо рушди иқтисодии 6 . 2 дарсадӣ дар соли ҷорӣ. равнақи иқтисодии мушобеҳро таҷриба мекунад. Дар Ишқободи пойтахти он. зерсохтҳои Русия ва  сармоягузорӣ дар бахши фанноварӣ ба ҳӯшманд шудан он шаҳр кумак мекунад. Дар ҳоли ҳозири тиҷорати дуҷонибаи ғайриэнержии Эрон ва  Узбекистон 103 дарсад афзоиш ёфта яъне саҳми Эрон аз содирот ба Узбекистон ба таври тасоъдӣ дар ҳол рушдаст.  Зеро Брикс ва соири кишварҳои ҷаҳони чандқутбии масири ҷаддидиро эҷод мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир нақшаи ҳамаи сармоягузориҳои иқтисодӣ ва масирҳои тиҷориро бознигарӣ кардааст.

Дар канори осебе,  ки тағйири иқтисодии Русия эҷод карда,  албатта мавориди ҷолибе низ вуҷӯд дорад. Ширкатҳои монанди Бергер  Кинг бо беш аз 800 фурӯшгоҳ дар Русия,  алорақми ваъдаҳои баста шудан ҳануз боз ҳастанд. Ин раванд дар табодули колои Осиёи Марказӣ таъсири мусбате доштааст, содирот аз Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупоӣ ба воридкунандагони Осиёи Марказӣ дар ҳол равнақаст. Ба унвони мисол,  Шветсия дар соли 2023,  ҳаҷми содирот ба Қазоқистонро нисбат ба сол қабл 140 дарсад афзоиш ёфтааст.  Ин гӯнаи арқом дар даҳҳо кишвари ғарбӣ мунъакис шудааст. Ба таври хулоса, рӯсҳо муваффақ шудаанд бештари иқдомоти иқтисодии эъмол шудаи алайҳи онҳоро давр бизананд. Додаҳо нишон медиҳад, ки густардатарин тағироти тиҷорат ба Осиёи Марказии марбӯт ба Иёлоти Муттаҳида ,Британия ва Дания аст.

 Дар ҳоли ҳозири тиҷорати дуҷонибаи ғайри энержии Эрон ва Узбекистон 103 дарсад афзоиш ёфта яъне саҳми Эрон аз содирот ба Узбекистон ба таври тасоъдӣ дар ҳол рушд аст, зеро Брикс ва  соири кишварҳо ҷаҳони чандқутбӣ масири ҷаддидиро эҷод мекунанд, ки дар ҳоли ҳозири нақшаи ҳамаи сармоягузориҳои иқтисодӣ ва масирҳои тиҷориро бознигарӣ кардааст. Дар ниҳоят, ахбори мабнӣ бар ифтитоҳи корхонаи паҳподи тавассути Эрон дар Тоҷикистон барои тавлиди паҳподи Абобил - 2 бо қобилияти размӣ, режими Исроилиро асабонӣ кардааст то Амрико ва  муттаҳидонаш ба дунболи эҷоди маҳдӯдияти низомӣ, иқтисодӣ барои ҷилавгирӣ аз тақвияти ҷойгоҳи Эрониҳо бизананд. Аммо дар ин миён, Тоҷикистон ба далели мавқеъияти стротежики худ дар Осиёи Марказӣ,  ҳаммарз бо Афғонистон, Чин, Қирғизистон ва  Узбекистон.  аҳамияти жиюполетик ва  жиостротежики муҳимме барои низоми равобити байналмиллал дорад .

Бо тавваҷуҳ ба инки Тоҷикистон танҳо кишвари Осиё Марказӣ аст, ки забон ва  фарҳанги форсии муштараке бо Эрон дорад, Теҳрон мумкин аст аз он барои ҳифзи мавқеъият ва  нақши таъсиргузори худ дар минтақа истифода кунад. Дидори ахири руасои ҷумҳӯри Эрон ва Тоҷикистон ва 16 тавофуқномаи имзо шуда тавассути ду ҳайати муваид тамоюли шаддиди Теҳрон барои тақвияти равобити дипломотик, иқтисодӣ ва  роҳбурдии худ бо Душанбе аст. Дар гузашта, аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз пешинаи фарҳангӣ ва  торихӣ барои таъсиргузорӣ бар пӯёӣ дохилии Тоҷикистон истифода кард.

Эрон метавонад аз ҳузури ширкатҳова  сармоягузориҳои эронӣ дар бозори Тоҷикистон барои тақвияти нақши худ дар ин кишвар истифода кунад ва аз ин кишвар ба унвони саккӯи париши барои кули Осиёи Марказӣ ,Афғонистон ва Чин баҳра бигирад.  Ҳамчунин.  наздикии Эрон ва  Тоҷикистонро метавон ба унвони роҳбурдии Душанбе барои танаввуъ бахшидан ба шуракои хориҷии худ дар заминаҳои мухталиф ( сиёсат, иқтисод, амният , тиҷорат , фарҳанг ) ва  коҳиши ҳузури густардаи РУсия ва  Чин дар ин кишвар талаққӣ кард. Дар воқеъ, Федерасисияи  Русия ба лутфи пойгоҳи 201 дар наздикии Душанбе, Маскав ахирани теъдоди сарбозони худро барои тазмини амнияти минтақа ва  ҳимоят аз фаъолиятҳои зидди тероризм ва  амнияти марзии Тоҷикистон афзоиш додааст, дар Тоҷикистони ҳузур низомӣ дорад.

Барчасп