Амирабдуллоҳён: Иқдомоти гуруҳҳои муқовимат муқобили ишғолгарӣ барасоси ҳуқуқи байналмилали аст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтои Люксембургии худ таъкид кард: Иқдомоти гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар ростои муқобила бо ишғолгарӣ бар асоси ҳуқуқи байналмилали аст.
Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Аамирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Жани Ослбурн вазири хориҷа Люксембург гуфт: Иқдомоти гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар ростои муқобила бо ишғолгарӣ бар асоси ҳуқуқи байналмилали аст.
Амирабдуллоҳён афзуд: Ҷиноёти ҷадиди режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодати расондани кудакон ва занон ва ғайринизомиён бехонумон сохтани садҳо ҳазор нафар ҳамла ба бемористонҳои Ғазза ҳамла ба як килисо дар Ғазза ва тадовуми муҳосираи ин минтақа ба манзури ҷилавгирӣ аз расондани об, ғазо, дору ва сухт бовуҷуди талошҳои Созмони Милали Муттаҳид нишондиҳанда аҷзи режими саҳюнистӣ дар баробари неруҳои муқовимати Фаластин аст.
Вазири хориҷаи Люксембург низ дар ин гуфтугуи телефонӣ бо ишора ба воқиф будан ба шароити буҳронии дар Ғазза гуфт: Умедвор ҳастем ҳар чи зудтар танишҳо хотима ёфта ва роҳи ҳали сиёсӣ дар авлавият қарор гирад.
Жани Ослбурн афзуд: Ҳамвора нақши созанда ва фаъоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа метавонад ба барқарории сулҳ ва бозгашти оромиш кумак кунад.