Раисӣ: Фоҷеаи Ғазза мояи шармсории кишварҳои мудофеи одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аст
(last modified 2023-10-24T12:14:40+00:00 )
Октябр 24, 2023 17:14 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Тунис дар Теҳрон
    Дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Тунис дар Теҳрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ойини дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Тунис дар Теҳрон таъкид кард, фоҷеаи Ғазза мояи шармсории кишварҳои мудофеи одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон имрӯз (сешанбе) дар ойини дарёфти устуворномаи Имод Арраҳмуни, сафири ҷадиди Тунис дар Теҳрон бо ишора ба иродаи ҷиддии Ҷумҳурии исломии Эрону Тунис дар тавсеаи равобити сиёсиву иқтисодӣ гуфт, бо иродаи мавҷуд миёни ду кишвар қатъан гомҳои муҳиме дар ҷиҳати афзоишу тавсеаи равобит бардошта хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳур дар идома афзуд, трагедияи ғамбору ҷиноёти зиддиинсонӣ, ки ин рӯзҳо ба омилияти режими саҳюнистӣ ва бо ҳимояти мустақими амрикоиҳо дар Ғазза рақам мехӯрад, мояи шармсории он даста аз кишварҳое аст, ки ба самти одисозии равобит бо ин режими нажодпарасту ҷинояткор рафтаанд.

Ба гузориши ИРНА, Раисӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди таҳдидҳову таҳримҳо ба тавонмандиҳову таҷрибиёти бисёр хубе даст ёфтааст, бар омодагии Эрон барои ба иштирок гузоштани ин тавонмандиҳову таҷрибиёт бо кишвари дӯсту бародари Тунис таъкид кард.

Сафири ҷадиди Тунис дар Теҳрон ҳамгироии кишварҳои исломӣ дар таҳаққуқи ормони миллати Фаластинро зарурӣ ва ҳоизи аҳамият донисту гуфт, Тунис ҳам монанди Ҷумҳурии исломии Эрон то барқарории комили ҳуқуқи миллати Фаластин дар канори онҳо хоҳад истод.

 

Барчасп