Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Ҳомиёни режим саҳюнистӣ наметавонанд аз масъулияти худ дар қиболи ҷиноятҳои ҷангӣ фирор кунанд
(last modified 2023-10-25T13:19:47+00:00 )
Октябр 25, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Чофӣ: Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ афсори ин ҳайвони дарандаро раҳо кардаанд
    Чофӣ: Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ афсори ин ҳайвони дарандаро раҳо кардаанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниши ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ гуфт, ҳомиёни ин режим наметавонанд аз масъулияти худ дар қиболи ҷиноятҳои ҷангие, ки муртакиб мешавад, фирор кунанд.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси ҳимояти бархе аз кишварҳои ғарбӣ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин дар фазои маҷозии "Икс" навишт: Режими саҳюнистӣ 800 фаластиниро тайи 24 соати гузашта ба қатл расондааст.

Канъонии Чофӣ гуфт, Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ афсори ин ҳайвони дарандаро раҳо кардаанду ҳомиёни ин режим наметавонанд аз масъулияти худ дар қиболи ҷиноятҳои ҷангие, ки муртакиб мешавад, фирор кунанд.

Амир Саиди Иравонӣ, сафиру намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид низ бомдоди чаҳоршанбе дар ҷаласаи Шӯрои амният дар хусуси вазъияти Фаластин ва ҳимоятҳои Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ аз режими саҳюнистӣ гуфт, ҳимояти бечунучарои Амрико аз ишғолу таҷовуз, ин кишварро ба бахши бузурге аз муъзалот табдил кардааст.

Иравонӣ гуфт, мояи таассуф аст, ки Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ талош карданд то қурбониро ба унвони муқассир ба ҷои хотӣ муаррифӣ кунанд. Онҳо дифоъ аз худу ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Фаластинро бо терроризм яке медонанд ва талош мекунанд ба режими ишғолгари Исроил ҳаққи ноодилонаи дифоъ аз худ эъто кунанд.

 

Барчасп