Октябр 27, 2023 21:08 Asia/Dushanbe
  • Дар ин размоиш воҳидҳои пиёда, зиреҳпӯш, мушакӣ, тӯпхонаӣ, ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва... ҳузур доранд
    Дар ин размоиш воҳидҳои пиёда, зиреҳпӯш, мушакӣ, тӯпхонаӣ, ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва... ҳузур доранд

Размоиши Иқтидори 1402 –и Нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи ҷумъа бо рамзи “Ё Алӣ бин Мӯсо Ар-Ризо (а)” дар минтақаи умумии Насрободи Исфаҳон (маркази Эрон) оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, генерал Карим Чешак, сухангӯи размоиши Иқтидори 1402-и Нерӯи заминии артиши Эрон дар робита ба баргузории ин тамрин гуфт: Дар ин размоиш воҳидҳои пиёда, зиреҳпӯш, мушакӣ, тӯпхонаӣ, ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва муҳандисӣ , ҷанги электронӣ, ҷанги муосир, кибернетикӣ, воҳидҳои Фово (Фанноварии иттилоот ва иртиботот) ва ҳавопаймоҳои таробарӣ ва пуштибонии Ниҳоҷо (Нерӯи ҳавоии артиши Эрон) ҳузур доранд.

Генерал Чешак афзуд, Размоиши Иқтидори 1402-и Нерӯи заминии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси сохтори разми созмонии нав бар 4 хусусияти дурзан, дақиқзан, ҳушмандӣ ва қобилияти автоматӣ ва шабакамеҳвар шудани таҷҳизот таъкид дорад ва ин чаҳор вижагиро дар марҳалаҳои гуногуни ин размоиш ммавриди арзёбии майдонӣ қарор хоҳад дод.

Сухангӯи Размоиши Иқтидори 1402-и Нерӯи заминии Эрон дар робита ба аҳдофи ин размоиш гуфт, Арзёбии мизони тавонмандии воҳидҳои ҷангӣ ва ҳимоят аз нерӯҳои заминии артиш, мурури тактикаи набардҳои заминӣ, арзёбии амалиётии таҷҳизоти нав, баланд бардоштани қобилияти пешгирӣ дар баробари таҳдидҳои нав, инчунин рушди амнияту субот яке аз ҳадафҳои ин размоиш мебошад.

Муовини амалиёти нерӯҳои хушкигарди артиш идома дод, дар марҳилаи сеюм ва чаҳоруми ин размоиш ҳидоят ва иҷрои амалиёти дифои соҳилӣ, банақшагирӣ ва иҷрои амалиёти шабонаи ҳавонирӯзро дар дастури кор қарор дода ва дар марҳилаи ниҳоӣ тарҳрезӣ ва иҷрои амалиёти ҳамла ба манзури нест кардани нерӯҳои муҳоҷим дар минтақаи Сарипулро хоҳем дошт.

 

Барчасп