Октябр 28, 2023 18:21 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Имрӯз миллати Фаластин беш аз ҳамеша ба ҳимояти муассири ҷаҳониён ва бавижа кишварҳои исломӣ ниёз дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо амири Қатар таъкид кард, имрӯз миллати Фаластин беш аз ҳамеша ба ҳимояти муассири ҷаҳониён ва бавижа кишварҳои исломӣ ниёз дорад.

Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон имрӯз (шанбе) дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шайх Тамим бин Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар дар бораи роҳкорҳои амалии ҳимоят аз миллати мазлӯми Фаластин ройзанӣ карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, раисиҷумҳур ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Амрико аз режими саҳюнистиро чароғи сабзи ин кишварҳо барои анҷоми ҷиноёти ин режим дар Ғазза таъбир кард ва гуфт, имрӯзи миллати Фаластин беш аз ҳар замони дигаре ба ҳимояти муассири ҷаҳониён ва бавижа ваҳдати кишварҳои исломӣ ниёз дорад то тадовуми фаъолияти мошини ҷангии режими саҳюнистӣ дар иртикоби ҷинояту наслкушӣ мутаваққиф шавад.

Раисӣ бо ишора ба афзоиш бесобиқаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар куштори занону кӯдакони фаластинӣ дар айни эҷоди вазъи инсонии асафнок бо қатъи обу барқ ва масдӯд кардани вуруди ғизо ва дору ба Ғазза, бар зарурати иттихози мавзеи қотеъ, якпорча ва равшани кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин таъкид кард.

Раисиҷумҳӯр ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Амрико, аз режими саҳюнистиро чароғи сабзи ин кишварҳо барои анҷоми ин ҷиноёт таъбир кард.

Амири Қатар низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, рухдодҳои имрӯзи Ғаззаро гувоҳе бар сиёсатҳои дугона ва расво шудаи кишварҳои ғарбӣ донист ва гуфт, кишварҳои минтақа ва кишварҳои исломӣ метавонанд бо ваҳдати худ мошини ҷангии режими саҳюнистиро мутаваққиф кунанд.

Амири Қатар бо таъкид бар мавзеи кишвараш дар ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Фаластин дар таъйини сарнавишту ҳаққи дифо аз худ, гуфт, режими саҳюнистӣ ҳамаи қавоиди байналмилалӣ ва чорчӯбҳои инсониро зери по гузошта ва аз иртикоби ҳеҷ ҷинояте ибое надорад.

 

Барчасп