Дидори ҳайати иқтисодии Толибон бо Амирабдуллоҳиён
Ноябр 05, 2023 17:59 Asia/Dushanbe
Муовини ҳайати муваққати ҳукумати Толибони Афғонистон, ки дар садри ҳайате ба Теҳрон сафар кардааст, бо вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши ИРНА, Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии ҳайати муваққати ҳукумати Толибон дар дидор бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, роҳҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Равобити хуби мардуми Эрону Афғонистон, рафтуомади шаҳрвандони афғонистонӣ ба Эрон ва ҳузури беш аз чаҳор даҳаи муҳоҷирони афғон дар Эрон сабаб шудааст афғонҳо ба навъе Ҷумҳурии исломии Эронро ватани дувуми худ бидонанд.
Барчасп