Ҳақоиқи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон набояд таҳриф шавад
-
Ҳақоиқи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон набояд таҳриф шавад
Aмирсаъид Ирвонӣ сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал гуфт: Ҳангоми пардохт ба барномаи ҳастаии сулҳомез, ҳақоиқ набояд таҳриф ё ба сурати интихобӣ ироа шавад.
Ба гузориши Ирно, Амирсаъид Ирвони сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба ин,ки Ожонс ва Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити кории наздик дар заминаҳои мухталифе доранд, афзӯд : Ҳамон тавр, ки Ожонс дар чандин навбати ростии озмоӣ таъид кардааст, ҳеҷ мадраки дол бар инҳирофи нисбат ба фаъолиятҳои сулҳомез ҳастаии Эрон вуҷӯд надорад.
Ирвонӣ таъкид кард : Бетарафӣ, истиқлол ва ҳирфаи будани Ожонс ҳаргиз набояд дар чорчӯби таъаҳудоти подмони ба хатар биафтад ва ё таҳти таъсири бархе қарор гирад то ҳамаи кишварҳо аз ҳуқуқи мундариҷ дар асосномаи Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бархӯрдор шаванд.
Вай дар идома бо баёни ин,ки режими Исроил аз узвият дар NPT ва пойбанд ба подмонҳои ҷомеаъи Ожонс имтиноъ кардааст, афзӯд : Ожонс бояд бо рӯйкарди бетарафона ва ҳирфаи бо ин режим бархӯрд кунад ; акнӯн замони халъи силоҳи ин режимв а эҷоди сулҳу амният дар минтақаи фарорасидааст.