Дидори раисони ҷумҳури Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тошканд
Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи иҷлоси сарони ЭКО дар Тошканд бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши ИРНА,Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯз панҷшанбе бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар ҳошияи шонздаҳумин иҷлоси Созмони ҳамкории иқтисодӣ-ЭКО дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар шонздаҳумин иҷлоси ЭКО ба Узбакистон сафар кардааст.
Раисӣ дар оғози вуруд дар фурудгоҳи байналмиллалии Ислом Каримови Тошканд мавриди истиқболи Абдуллоҳ Орифов-нахуствазири ин кишвар қарор гирифт.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар аввалин барномаи сафари худ ба Узбакистон бо Шавкат Мирзиёв дидор кард.
Шонздаҳумин иҷлоси сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ-ЭКО дар Тошканд, пойтахти Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст.