Таҷаммуи ҳайати Размандагони Ислом дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин дар Теҳрон
(last modified Fri, 10 Nov 2023 12:58:11 GMT )
Ноябр 10, 2023 17:58 Asia/Dushanbe
  • Сардор Фадавӣ: Ҷабҳаи муқовимат бо вуҷуди таслеҳоти абарқудратҳо, бо қудрат истодааст
    Сардор Фадавӣ: Ҷабҳаи муқовимат бо вуҷуди таслеҳоти абарқудратҳо, бо қудрат истодааст

Таҷаммуи ҳайатҳои размандагони устону шаҳри Теҳрон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва зидди ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, дар майдони Фаластини Теҳрон баргузор шуд.

Сардори сартип Алии Фадавӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар таҷаммуи ҳайатҳои размандагони устону шаҳри Теҳрон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин гуфт: Ҷанг дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз асоситарин масоил дар тӯли таърих барои бандагони Худост. Зеро бандагоне, ки Худо онҳоро озод офарида, таҳти ситаму мавриди зулм қарор мегиранд.

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, мардуми Эрони исломӣ аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ дар баробари зулми Амрико истодагӣ карданд, чаро ки ин фармони Худост, ки дар баробари золимон истодагӣ кунед.

Сардор Фадавӣ афзуд: Ҷабҳаи муқовимат низ бо вуҷуди таслеҳоти абарқудратҳо, бо қудрат истодааст ва то шикасти саҳюнистҳо муқовимат хоҳад кард.

Неруҳои муқовимати Фаластин шанбеи ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Алақсо”-ро зидди мавозеи Исроил оғоз карданду режими саҳюнистӣ барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои борикаи Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Ҳимояти Ғарб аз режими Исроил ба баҳонаи дифоъ аз худ амалан чароғи сабзу муҷаввизе барои ин режим дар идомаи куштори бераҳмонаи кӯдакону занони фаластинӣ будааст.