Раисӣ: Ҷанги Ғазза, рӯёрӯии меҳвари шарорат ва шарофат аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти муштараки Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Иттиҳодияи Араб таъкид кард: Моҷарои Ғазза рӯёрӯии меҳвари шарофат дар баробари меҳвари шарорат аст ва ҳама бояд мушаххас кунанд, ки дар кадом саф қарор гирифтаанд.
Саидиброҳими Раисӣ имрӯз (шанбе) дар нишасти муштараки Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Иттиҳодияи араб дар Риёз, давлати Амрикоро омиру шарики аслии ҷиноёти саҳюнистҳо дар 5 ҳафтаи ахир алайҳи мардуми мазлӯми Ғазза муаррифӣ кард ва гуфт: Акнӯн, ки маҷомеи байналмилалӣ таҳти нуфӯзи Амрико дучори беҳувиятӣ ва бетасмимӣ ва бехосиятӣ шудаанд, бояд майдонро ба даст бигирем.
Раисӣ, 10 роҳкору пешниҳоди фаврӣ барои тасмимгирии қотеъ ба нафъи миллати Фаластин, аз ҷумла «таваққуфи куштори мардуми Ғазза», «рафъи комили муҳосираи инсонии Ғазза», «хурӯҷи фаврии низомии режими саҳюнистӣ аз ин минтақа», «қатъи ҳар гуна иртиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ тавассути кишварҳои исломӣ», «ташкили як додгоҳи байналмилалӣ барои таъқибу муҷозоти сарони ҷинояткори саҳюнисту Амрико», «таъсиси як сандӯқи вижа барои бозсозии фаврии Ғазза бо тақаббули кишварҳои исломӣ» ва «эъзоми корвони киштиҳои ҳомили кумакҳои инсондӯстона ба мардуми Фаластин аз кишварҳои исломӣ»-ро дар ин иҷлос матраҳ кард.
Ба гузориши ИРНА, раисиҷумҳури Эрон дар идомаи суханронии худ афзуд, режими ишғолгар бо нақзи қавоид ба ҳуқуқи байналмилал, ҳамлаи тамомайёре алайҳи кулли Борикаи Ғазза ба роҳандохт, куштори имдодгарону кадри дармону хабарнигорону бомбаборони бемористонҳо бахши дигаре аз ин ҷинояти ҳавлнок аст.
Раисӣ ҳамчунин гуфт, Исроил фарзанди номашрӯи Амрико аст.
Вай хотирнишон кард: Амрико бо ташкили фаврии кабинаи амниятии худ дар сарзаминҳои ишғолӣ, режими саҳюнистиро ба амалиёти ҷинояткорона алайҳи мардуми бепаноҳи Ғазза ташвиқ кард.
Раисӣ дар идома гуфт, ҳамзамон новгони ҷангии Амрико ба минтақа эъзом шуду бад-ин тартиб, Вашингтон амалан вориди ҷанг ба нафъи Исроил шуд, ҳимояти ҳамаҷониба аз режими саҳюнистӣ дар Шӯрои амнияти Созмони милалу мамониат аз тасвиби қатъномае, ки ҷилави наслкушии фаластиниҳо дар Ғаззаро бигирад, хизмати дигари Амрико ба мутаҷовизон буд, ки дасти онҳоро барои ҷинояти ҷангӣ беш аз ҳар замони дигар боз бигузорад.
Раисӣ тасреҳ кард, ҳамаи мафосид зери сари амрикоиҳост, куштори миллионҳо тан аз инсонҳо дар дунё, аз ҷумла дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва соири билоди исломӣ зери сари Амрико аст.