Раисӣ: Ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза поёни афсонаи ҳуқуқи башари Ғарб аст
(last modified Wed, 15 Nov 2023 12:07:04 GMT )
Ноябр 15, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
    Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҷиноёти ҳавлноки саҳюнистҳо дар Ғаззаро поёни афсонаи ҳуқуқи башар ва иддаоҳои Ғарб дар ин бора донист.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти ҳайати давлат бо интиқод аз сукути ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳимояти Амрикову кишварҳои ғарбӣ аз ҷиноёти ҳавлноки саҳюнистҳо дар Ғазза гуфт, хунҳои баноҳақ рехташудаи мардуми мазлуми Фаластин заминасози назми одилонаи ҷаҳонӣ ва аз байн рафтани низоми золимонаи феълӣ хоҳад шуд.

Раисӣ нақши ҳунару қолабҳои ҳунарие монанди китоб, филм, театр ва мустанадсозӣ дар ба тасвир кашидан саҳнаҳои сафеду нуронии муқовимати Фаластин ва чеҳраи зишту зулмонии ҷинояткорони саҳюнистӣ ва ҳомиёни онҳоро бисёр муассир унвон кард.

Гуфтанӣ аст, дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ки аз ҳафтуми октябр оғоз шудааст ва то кунун идома дорад, беш аз 11 ҳазору 500 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 29 ҳазор нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.